Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Сурия бар зидди шинохти Шӯрои Миллӣ


Акс аз бойгонӣ, Манучеҳр Муттакӣ-вазири пешини Эрон ва Воҳид Муаллим-вазири хориҷаи Сурия

Акс аз бойгонӣ, Манучеҳр Муттакӣ-вазири пешини Эрон ва Воҳид Муаллим-вазири хориҷаи Сурия

Имрӯз Сурия ҳушдор дод, ки бар зидди ҳар кишваре, ки Шӯрои Миллии мухолифони давлати Башор Асад-раиси ҷумҳури ин кишварро ба расмият мешиносад, ҷавоб хоҳад дод. Воҳид Муаллим-вазири корҳои хориҷии Сурия дар як нишасти хабарӣ, ки аз тариқи телевизиони Сурия пахш шуд, гуфт, ки Сурия “бар зидди ҳар кишваре, ки Шӯрои миллии ғайриқонуниро эътироф мекунад, тадбирҳои шадид иттихоз хоҳад кард”. Вазир дар бораи ин тадбирҳо ба таври мушаххас тавзеҳот надод. Дар аввали ҳафта 7 ҷиноҳи мухолифони Сурия эълон карданд, ки онҳо муттаҳид мешаванд, то як эътилоф ташкил диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ аз ин эъломия истиқбол карданд, вале нагуфтанд, ки ин шӯроро ба расмият хоҳанд шинохт.
XS
SM
MD
LG