Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия барои рушди худ ба муҳоҷирони бештар ниёз дорад


Коршиносони Русия аз гурӯҳи кории «Стратегия-2020» дар таҳқиқот ва гузоришҳои худ эътироф кардаанд, ки ҳоло дар Русия ҳудуди 7-8 миллион нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ кор мекунанд. Вале ин шумора барои Русия кофӣ нест. Ин коршиносон ба хулосае расидаанд, ки то соли 2015 Русия ин шумораро бояд ду баробар афзоиш диҳад ва тақрибан 16 миллион муҳоҷири кориро қабул кунад. Гурӯҳи кории «Стратегия-2020», ки аз 21 нафар коршиносон иборат аст, роҳҳои рушди иқтисод, суботи иқтисоди кишвар, бозори кор ва сиёсати муҳоҷиратро таҳқиқ мекунад. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ҳоло аҳолии Русия 133-134 миллион нафар аст, боқимондаро муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Аҳолии Русия тибқи шумориши аҳолӣ 142 миллион нафар мебошад.
XS
SM
MD
LG