Пайвандҳои дастрасӣ

4 нафар дар сӯхтори хонаи калонсолон дар Русия ҷон доданд


Вазорати корҳои фавқулодаи Русия мегӯяд, чаҳор нафар сокинони хонаи калонсолони деҳаи Тихони ноҳияи Кострома дар сӯхтори ин бинои якошёнаи чӯбин ҷон бохтаанд. Ин сӯхтор наздикии бомдод имрӯз сар задааст. Дар бино 13 нафар калонсолон ба сар мебурданд. 9 нафари онҳоро аз оташ раҳо кардаанд. Дар бораи сабабҳои сар задани сӯхтор маълумоти дақиқ дода намешавад, вале мегӯянд, ки мумкин аст сӯхтор дар ин бинои чӯбин аз оташи сигор рух дода бошад.
XS
SM
MD
LG