Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия куштори раҳбари курдҳои Сурияро маҳкум кард


Имрӯз Туркия куштори Машал Таммо-раҳбари курдҳои Сурияро маҳкум кард ва ба ҳукумати Сурия ҳушдор дод, ки саркӯбии хушунатомези мухолифон “наметавонад чархи таърихро ба ақиб гардонад”. 7 октябр афроди номаълуми ниқобпӯш Машал Тамморо дар шаҳри Қамишлии Сурия ҳадафи тир қарор доданд. 8 октябр нируҳои давлати Башор Асад ба сӯи ширкаткунандагони маросими ҷанозаи Таммо оташ кушоданд ва 4 нафарро куштанд. Ҳудуди 50 000 нафар ширкаткунандагони ин маросим шиорҳо дар даст истеъфои Башор Асадро тақозо мекарданд.
XS
SM
MD
LG