Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти нируҳои зидди Қаззофӣ дар шаҳри Сирт


Нируҳои ҳукумати давраи гузори Либия мегӯянд, онҳо имрӯз донишгоҳи шаҳри Сирт-зодгоҳи Муаммар Қаззофиро, ки маркази аслии нируҳои Қаззофӣ буд, ба контроли худ даровардаанд. Фармондеҳи нируҳои зидди Қаззофӣ гуфт, ки садҳо нафар сарбозони онҳо бинои бузурги донишгоҳро ба даст даровардаанд ва ин бад-он маъност, ки он ҷо ба маркази нируҳои зидди Қаззофӣ табдил хоҳад шуд. Қаблан нируҳои ҳукумати давраи гузор гуфта буданд, ки онҳо бахше аз бинои шаҳрдории Сиртро ба контроли худ даровардаанд. Ин биноро нируҳои Қаззофӣ чун пойгоҳи аслии худ дар ин шаҳр истифода мекарданд.
XS
SM
MD
LG