Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Русия ба фазои беҳтари сармоягузорӣ ниёз дорад


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки кишвараш ба фазои беҳтари сармоягузорӣ ниёз дорад, то сармояи хориҷиро барои навсозии кишвараш ҷалб кунад. Медведев гуфт, тибқи маълумоти Бонки Марказии Русия, дар соли 2011 сармоягузорони хориҷӣ аз ин кишвар тақрибан 36,8 миллиард евро берун бурдаанд. Ин маблағ нисбат ба соли 2010 се баробар бештар будааст. Медведев дар мулоқот бо аъзои ҳизби ҳокими “Русияи Воҳид” дар Краснодар гуфтааст, дар давоми даҳсолаи гузашта тақрибан ҳамаи талошҳои Русия барои аз миён бардоштани монеаҳо дар роҳи сармоягузорӣ натиҷа надодааст.
XS
SM
MD
LG