Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 8 моҳ 603 ҷасад аз Русия ба Тоҷикистон омадааст


Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ҷасади 603 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба ватан фиристода шудааст. Дар ин бора Ойниҳол Бобоназаров-раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива Плюс” хабар додааст. Ба гуфтаи ин коршинос, сол то сол шумораи афроде, ки дар Русия кушта мешаванд ё аз беморӣ ҷон медиҳанд, афзоиш меёбад. Масалан, дар соли 2006 ин шумора 206 нафарро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG