Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти Қаросӯи Қирғизистон як нафар кушта шудааст


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Полиси вилояти Ӯши Қирғизистон гуфтааст, ки дар ҳамлаи як рӯзи пеш дар ноҳияи Қаросӯ 3 нафар ширкат доштаанд. Дар ин бора полиси Ӯш ба бахши қирғизии радиои Озодӣ хабар додааст. Дирӯз дар соатҳои аввали амалиёт нируҳои интизомии Қирғизистон аз ин амалиёт амалиёти террористӣ ном бурда буданд. Ҳоло ин амалиёт ба поён расидааст. Як нафар аз ҳамлакунандагон кушта, ду нафари дигар аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар ҷои ҳодиса 2 тапончаи Макаров ва ва 13 тир пайдо кардаанд. Расидагӣ ба ин ҳодисаро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва вазорати корҳои дохилии ин кишвар бар ӯҳда гирифтаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки вазъ дар марзҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон ором аст ва марзбонони тоҷик дар ҳолати маъмулӣ хидмати худро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG