Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия амалиёт барои зодгоҳи Қаззофӣ идома дорад


Нируҳои ҷонибдори ҳукумати давраи гузори Либия мегӯянд, ки онҳо бахше аз бинои Маҷлиси шаҳрии Сиртро, ки нируҳои Муаммар Қаззофӣ ба унвони пойгоҳи аслӣ истифода мекарданд, ба контроли худ даровардаанд. Размандагони Шӯрои Миллии Гузори Либия мегӯянд, ки онҳо саъй мекунанд нишонзанҳоро аз бомҳои хонаҳо бизананд ва зодгоҳи Қаззофиро ба назорати худ дароранд. Нируҳои ҳукумати давраи гузор то ҳол дар ин шаҳр аз ҷониби нируҳои вафодор ба Қаззофӣ ба муқовимати шадид рӯ ба рӯ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG