Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон: "Марз бо Қирғизистон ором аст"


Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хизмати худро дар марз бо Қирғизистон ба таври муқаррарӣ адо мекунанд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, амалиёти террористӣ дар ҷануби Қирғизистон аз рӯи иттилои ин ниҳод ба Тоҷикистон таҳдиде нахоҳад дошт.

Рӯзи гузашта Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ноҳияи Қаросӯ, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, аз вуруди як гурӯҳи террористӣ ба шаҳри Ӯш ҷилавгирӣ ба амал омадааст.

Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон гуфта, ки дар ҷараёни ин амалиёт ба эҳтимоли зиёд як нафар террорист кушта шудааст. Барои пешбурди амалиёт техникаи низомии артиш низ сафарбар шудааст.

Тамоми роҳҳои вурудии шаҳри Ушро нерӯҳои интизомӣ зери назорат гирифтаанд ва ҳамаи мошинҳо бозрасӣ мешаванд. Дар роҳҳо гурӯҳҳои назоратии нируҳои интизомӣ гузошта шудаанд. То ҳол дар бораи ин гурӯҳ ва ё аз куҷо вориди минтақа шудани он маълумот дода намешавад.
XS
SM
MD
LG