Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати баландпояи БРБА аз Тоҷикистон боздид мекунад


Даромадгоҳи БРБА
Даромадгоҳи БРБА
Бино ба хабарҳои матбуотӣ, қарор аст як ҳайати баландпояи Бонки Рушду Бозсозии Аврупо аз Тоҷикистон боздид кунад. Ин боздид барои рӯзҳои 10-11 октябр барномарезӣ шудааст. Тоҷикистон кишвари муҳими фаъолият барои иҷрои тарҳҳои ин бонк ба шумор меравад. Ба ҳайати намояндагии бонк Ян Фишер-муовини раиси бонк, Оливер Дескампс-мудири иҷроӣ барои Туркия, Масару Ҳонма-раиси бахши Осиёси Марказӣ ва Моҳир Бобоев- мушовири аршади сисёсӣ шомил хоҳанд буд. Ин ҳайат бо раҳбарони сиёсии Тоҷикистон, раҳбарони доираҳои тиҷоратӣ, намояндагони созмонҳои молии ҷаҳонӣ ва амсоли он мулоқот хоҳанд кард. Аз соли 1992 то ба ҳол бонки мазкур барои иҷрои 58 тарҳ 280 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG