Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нируҳои Сурия дар маросими ҷаноза ду нафарро куштанд


Нируҳои амниятии Сурия ҳангоми кушодани оташ ба сӯи ширкаткунандагони маросими ҷанозаи Машъал Таммоъ-раҳбари мухолифони курд ду нафарро ба қатл расонданд. Машъал Таммоъ рӯзи ҷумъа дар сӯиқасде кушта шуд. Фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, тирандозӣ замоне сурат гирифт, ки даҳҳо ҳазор нафар дар маросими ҷаноза ширкат мекарданд. Ширкаткунандагони маросим сарнагунии режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурияро тақозо мекарданд. Ҳамзамон Кетрин Эштон-раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо қатли Машъал Таммоъро, ки ба дасти чаҳор марди ниқобпӯш анҷом гирифтааст, қотеона маҳкум кард. Дар Сурия 20 миллион курд ба сар мебаранд ва 10 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG