Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар раддабандии маҷаллаи Forbes миёни 134 кишвари мусоид барои тиҷорат, дар ҷойи 120-ум қарор дорад.

Пас аз Тоҷикистон дар ин радда умдатан кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ меистанд. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон ва Туркманистон дар ин гузориш зикр нашудаанд ва Қирғизистон дар мақоми 115 ва Қазоқистон 80-ум омадааст.

ВУҶУДИ МОНЕАҲОИ СУНЪӢ ДАР ТИҶОРАТ

Коршиносон мегӯянд, ҷой надоштани Ӯзбакистону Туркманистон-ду кишвари барои гузоришҳои хориҷӣ дастнораси минтақа дар ин раддабандӣ бозгӯӣ аз он мекунад, ки таҳлили вазъи Тоҷикистон ҳам умдатан бар пояи иттилои расмӣ ва расонаҳо сурат гирифтаанд ва ахириҳо ҳам дар асл ба манобеъи расмӣ такя мекунанд.


Давлатмурод Ҷумъаев, сарвари Анҷумани миллии дастгирӣ ва рушди соҳибкории Тоҷикистон мегӯяд, он чӣ ба гузориш ва хулосаҳои гузориш намерасад, хулосаи амиқи вазъи воқеӣ дар кишвар аст: «Аксари монеаҳо ва мушкилоти рушди тиҷорат дар Тоҷикистон агар 15 дарсад объективӣ бошанд, бақия субъективӣ, яъне сунъӣ ҳастанд. Мо ҳанӯз як қонунгузории мукаммале надорем, ки рушди муназзами тамоми иқтисоди кишварро таъмин карда тавонад. Қонунҳои хуб ҳастанд, аммо иҷро намешаванд.»

Forbes Тоҷикистонро яке аз кишварҳои собиқ шӯравӣ унвон мекунад, ки камтарин даромад (2 ҳазор доллар) сари аҳолиро дорад ва аксари шаҳрвандони кишвар дар Русия кор карда, оилаашонро таъмин мекунанд. Дар гузориши кӯтоҳи маҷалла пахта манбаъи муҳимтарини даромади деҳқонони Тоҷикистон унвон мешавад, ки умдатан таҳти назорати ҳукумат аст. Саноати Тоҷикистон танҳо аз корхонаи алюминиум, тавлиди барқ ва корхонаҳои хурде, ки бо истеҳсолоти сабук ва маводи ғизоъ машғуланд, иборат аст.

FORBES: "ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ОСЕБПАЗИР АСТ"

Forbes менависад, вазъи иқтисодии Тоҷикистон ба далели кундии ислоҳоти сохторӣ, фасод, роҳбарии заъиф, камбуди мавсимии барқ ва бори гарони қарзи хориҷӣ осебпазир аст. Аз дастовардҳои иқтисодии кишвар дар соҳаи тавлиди энержӣ сохтмони Сангтӯда-1 ва Сантӯда- 2 унвон мешавад, аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳадди аксари интизориҳои худро ба нерӯгоҳи Роғун дорад, ки баландтарин сарбанди дунё хоҳад буд.




Маҷалла навиштааст, Бонки ҷаҳонӣ мутолеоти фанниву иҷтисодӣ ва зистмуҳитии сарбандро ба зимма гирифтааст ва гузоришҳои хуш аз ин омӯзишҳо рағбати сармоягузоронро ба вуҷуд меорад. Маҷалла ёдовар мешавад, ки соли 2010 ҳукумат шаҳрвандон ва корхонаҳоро маҷбур карда, саҳмияҳои нерӯгоҳро фурӯхт ва 180 миллион доллар ҷамъ овард. Аммо пас аз интиқоди сарпарастони кишвар, аз ҷумла Сандуқи байнулмилалии пул, ин маъракаро ба поён бурд.

Коршиносон ин нуктаҳои гузориши Forbes-ро таъйид менамоянд, аммо инро ҳам зикр мекунанд, ки далоили кундии сармоягузории хориҷӣ ба иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ ҳамоно сиёсианд ва ба мухолифатҳои кишварҳо сари истифодаи об дар минтақа рабт доранд.

"БЕҲТАРИН ТОҶИРОНИ КИШВАР ВАЗИРОНАНД"


Масъуд Собиров, коршинос дар умури иқтисод

Масъуд Собиров, коршинос дар умури иқтисод

Масъуд Собиров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, барои фурӯрезии сармояи хориҷӣ ба бахшҳои тиҷорати хурду миёна қабл аз ҳама воқеиятҳои нонавиштаи дохилӣ монеа эҷод мекунанд: «Ҷамъ овардани сармоя аз тиҷорат дар кишвар ба кам касоне даст медиҳад ва онҳо ҳам умдатан ба қочоқ ва фиреби қонун даст мезананд. Вагарна дар шароити феълӣ агар аз рӯи қонунҳо амал шавад, сармоя ҷамъ намешавад, фақат даромаде барои сер кардани шикаму ба тартиб овардани манзили истиқоматӣ мешавад. Сармоя фақат бо роҳи қочоқ ҷамъ мешавад ва беҳтарин тоҷирони кишвар вазиронанд.»

Дар гузориши Forbes рушди зерсохторҳои Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳову хатҳои интиқоли барқ бо кӯмаки Чин ва боз шудани пули 36 миллиондоллара ба Афғонистон бо сармоягузории Амрико низ зикр мешавад. Forbes менависад, бо он вуҷуд, ки аз соли 1997 ба ин сӯ рушди ҳамвори иқтисодии Тоҷикистон ба назар мерасад, нисфи аҳолии кишвар ҳанӯз дар фақр ба сар мебарад. Соли 2004 рушди иқтисодӣ 10.6 дарсадро ташкил додааст, аммо солҳои 2005- 2008 ба далели боло рафтани қимати маводи нафтӣ ва ҳам бӯҳрони ҷаҳон, ки мӯҷиби поён омадани қимати амволи содиротии кишвар ва коҳиши интиқоли маболиғи шаҳрвандон аз хориҷ шуд, чизе бештар аз 8 дарсад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG