Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими бунёди манзилҳои баландошёна дар Кӯлоб


Бо қарори кумиссюни вижаи ҳукуматӣ дар Кӯлоб манзили зисти беш аз 250 сокини ин шаҳр тахриб хоҳад шуд.

Дар ҳафтаи гузашта наздики 50 хона аз ин ҳисоб хароб шудааст, ки ин норизоиятии бархе аз сокинонро ба бор овардааст.

Озодӣ Ҳасанов, сармеъмори шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин қарор пас аз офати табии 7-уми майи соли 2010 гирифта шуда буд ва ҳоло бояд иҷро шавад. Хонаҳое, ки бояд тахриб шаванд, бархе то 30 ва бархеи дигар то 12 метр дар лаби рӯдхонаи кӯчаки Тебалай ҷойгир шудаанд.

Ҷаноби Ҳасанов мегӯяд, ҳукумат ба аксари сокинон, ки бархе аз офати табиӣ зарар дида буданд, манозили истиқоматӣ ва замин барои бунёди манзил додааст ва зарари расида ба дигарон низ ҷуброн хоҳад шуд: "Ба ҳамаи онҳое, ки хонаҳояшонро вайрон мекунем, ҷуброн дода мешавад. Алакай бар асоси қарори кумиссюн ба онҳое, ки як хонаашон кӯчонида мешавад, як хона дар маҳаллаи навбунёд дода шудааст ва ба бархеи дигар замин барои бунёди манзил низ дода шудааст."

Аммо ин қарори ҳукумати маҳаллӣ эътирози бархе аз сокинонро ба бор овардааст. Аксари онҳо намехоҳанд, хонаҳои бобоияшонро тарк кунанд, вале масъулини ҳукумат ба онҳо мӯҳлати кӯтоҳе барои тарки манозили худ додааст.

Бароталӣ Қурбонов, сокини маҳаллаи Чармгари Поён мегӯяд, хонаҳое, ки ҳукумат ба онҳо додааст, ба арзиши хонае, ки ҳоло зиндагӣ мекунанд, баробар нест. Ӯ мегӯяд: "Аввалан, розӣ нестем, аз ин ҷо кӯчем, вале роҳбарон моро маҷбур доранд, ки тез аз ин ҷо равем. Хонаи ман аз хонае, ки ҳукумат додаст, қиматтар аст. Пас, маблағи пурраи зарари моро бидиҳанд!."

Моҳшариф Саъдуллоев, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, бо шартҳое, ки ҳукумат назди онҳо гузоштааст, розӣ намешаванд, то хонаҳояшонро тарк кунанд: "Мегӯянд, ки хонаҳоятонро канед, ки бо трактор омада чаппа мекунем. Ин хонаи мо барои чанд оила сохта шудааст ва моро ҳамагӣ як хона додаанд. Бигузор, ҳукумат он хонаи додаашро гирад, аммо мо аз ин ҷо намекӯчем."

Мавзуна Аҳророва низ аз дигар норозиён аст, ки мегӯяд, манзили зисташро тарк нахоҳад кард. Аммо ҳоло на ҳамаи сокинони ин маҳаллаҳо, ки дар аввал аз қарори ҳукумат эътироз мекарданд, дигар норозӣ боқӣ мондаанд. Аксари онҳо бо ихтиёри худ хонаҳояшонро хароб карда, аз ин маҳалла кӯч мебанданд.

Бархеи дигар бар ин назаранд, ки хавфи офати табиӣ бо мустаҳкам кардани соҳилу бунёди обанбор дар болооб аз миён меравад ва кӯчонидани манзилҳои онҳо маъно надорад. Сокинон мегӯянд, онҳо ба тамоми мақомоти Тоҷикистон нома навиштаанд, ки сабаби кӯчонидани онҳоро шарҳ диҳанд, аммо касе шарҳ намедиҳад, ки чаро бояд манзили онҳо тахриб шавад. Ба гуфтаи онҳо ҳукумати маҳаллӣ на ба хотири наҷот додани онҳо аз хатари сел, балки бо мақсади дигар онҳоро аз ин ҷо мекӯчонад.

Дар ҳамин ҳол, Озодӣ Ҳасанов, сармеъмори шаҳри Кӯлоб мегӯяд, пеш аз офати табиӣ низ қарор буд, ки хонаҳо аз назди соҳил кӯчонида шаванд. Ӯ мегӯяд: "Манзили бархе аз сокинон наздик ба соҳил сохта шудааст, ки дар ҳеҷ куҷо чунин нест. Дар интернет навиштаанд, ки обанбор месозанд ва хатар бартараф мешавад. Дуруст аст, аммо пештар ҳам қарор буд, ки ба хотири роҳ ва соҳилбандӣ ин хонаҳо кӯчонида шавад. Дар ҳақиқат мо мақсади дигар ҳам дорем. Мақсади ободкунӣ. Мо дар нақша дорем, ки дар ҳамин маҳаллаи Чармгари Поён биноҳои баландошёна бунёд кунем. Аз соли нав насиб бошад, таҳкурсии як бинои панҷошёнаро омода мекунем. Дар ин биноҳо ба ҷои даҳ-бист оила садҳо оилаи бехона ҷой хоҳад шуд."
XS
SM
MD
LG