Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Ҷопон рафт


Шоми рӯзи ҷумъа дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Ҷопон парвоз кард. Ин даста дар Ҷопон дар даври севвуми мусобиқоти интихобии бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2014 бо дастаи Ҷопон ба майдон меояд. Бозӣ 11 октябр дар варзишгоҳи “Нагай” дар шаҳри Осака соати 15:45 ба вақти Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд. Дар ин бозӣ Бенҷамин Виллямс аз Австралия доварӣ хоҳад кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз дастаи миллии Узбакистон ва дар сафар аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби яксони 0:1 мағлуб шуда буд. Ҳоло дар гурӯҳи "С" Ҷопону Узбакистон чаҳоримтиёзӣ ва Кореяи Шимолӣ се имтиёз ба даст овардаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
XS
SM
MD
LG