Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаҳои кӯмаки молии Амрико барои рушди иқтисоди Тунис


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки кишвараш ба Тунис дар марҳалаи гузор ба демократия кӯмаки молӣ хоҳад кард. Обама ин суханонро баъд аз музокирот бо Беҷӣ Каод Аббосӣ-нахуствазири Тунис дар Вошингтон иброз дошт. Аббосӣ аввалин нахуствазири давраи гузор баъд аз оғози инқилобҳои араб мавсум ба “Баҳори Араб” мебошад, ки аз Кохи Сафед боздид мекунад. Интизор меравад, ки Амрико бар иловаи 39 миллион долларе, ки баъд аз инқилоби моҳи феврал, яъне баъд аз барканории президент Зайналобиддин Бен Алӣ ба Тунис дода буд, бастаи қарзаҳо ва кӯмакҳои тиҷоратиро дар ихтиёри ҳукумати нави Тунис қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG