Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ аз тамомияти арзии Гурҷистон ҳимоят кард


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ба садоқати кишвараш дар мавриди тамомияти арзии Гурҷистон таъкид кард. Вай, ки дар оташбаси миёни Русия ва Гурҷистон барои хатми ҷанги панҷрӯзаи соли 2008 миёнаравӣ кардааст, гуфт, “Фаронса Русияро дӯст ва шарики стратегӣ мешуморад, аммо барои эҳёи эътимод таҳдид ва талоши бесуботиро комилан ғайри қобили қабул” мешуморад. Саркозӣ аз Русия даъват кард, ӯҳдадориҳои худро таҳти шароити оташбас иҷро намояд. Гурҷистон Маскавро дар нақзи созишнома ва ақиб накашидани нерӯҳояш ба марзҳои то ҷанги соли 2008 айбдор мекунад. Ин дар ҳолест, ки Русия минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро давлатҳои мустақил мешуморад.
XS
SM
MD
LG