Пайвандҳои дастрасӣ

Кормон Ҷоизаи Нобелро эътирофи "Баҳори араб" номид


Таваккул Кормон

Таваккул Кормон

Яке аз се барандаи имсолаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, журналист ва сиёсатмадори яманӣ Таваккул Кормон ин ҷоизаро подоши талоши яманиҳо ва ҳамаи ширкаткунандагони таҳаввулоти мавсум ба “Баҳори араб” зидди режмиҳои дарозмуддат ва худкома номид. Кормон гуфт, тасмим гирифтааст, маблағи ҷоизаро ба ҳамаи норозиёне мебахшад, ки дар чанд кишвари араб бо талаби демократия ба кӯчаҳо баромаданд. Вай инчунин гуфт, ҷоиза баёнгари эътирофи байнулмиалалии инқилобиёни яманист, ки билоохира пирӯз хоҳанд шуд. Кормони 32-сола яке аз чеҳраҳои саршиноси тазоҳуроти зидди раисиҷумҳури Яман, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аст, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ истеъфои ӯро пас аз 30 соли ҳокимияташ талаб мекунанд.
XS
SM
MD
LG