Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев хостори истеъфои ҳукумати Сурия шуд


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев гуфт, агар раҳбарияти Сурия ба роҳандозии ислоҳот қодир нест, истеъфо диҳад. Вай ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ин тасмимро бояд мардум ва сарварони Сурия бигиранд. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳанд, ки бино бар баёнияи нави СММ дар тазоҳуроти зидди раисиҷумҳури Сурия, Башор Асад аз моҳи март ба ин сӯ 2900 нафар кушта шудаанд. Русия ва Чин аз Қатъномаи нави СМ дар робита ба Сурия пешгирӣ карданд. Медведев афзуд, кишвараш дар оянда низ ба таҳримҳои Шӯрои амният, ки ҳадафашон сарнагунии ҳукумати Сурия бо шароити қудратҳои ғарбӣ бошад, мухолифат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG