Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 соли зиндон барои раиси ҳизби исломии Озарбойҷон


Раиси Ҳизби исломии Озарбойҷон бо иттиҳоми талоши барканории ҳукумат ба 12 соли ҳабс макум шуд. Ҳамроҳ бо Мовсум Самадов шаш узви дигари ин ҳизб ба муддатҳои тӯлонии зиёда аз 10 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳамаи онҳо дар моҳи январ дар ҳоле боздошт шуданд, ки Самадов аз мардуми Озарбойҷон даъват кард, ба “фаъолияти режими таъқибгар” хотима гузоранд. Раҳбар ва аъзои ҳизб ҳамчунин ба таҳияи тарҳи ҳамлаи террористӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ҷурмҳои дигар айбдор шудаанд. Онҳо ин иттиҳомотро рад мекунанд ва парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ мешуморанд. Полис ҳангоми пароканда кардани тазоҳурот дар назди бинои додгоҳ чандин нафарро латукӯб ва захмӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG