Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон ва аҳзоби сиёсӣ: Таваҷҷӯҳ ё гурез?


Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ -- ҲХДТ, ҲНИТ, ҲСДТ, ҲСТ ҲДТ, ҲАТ, ҲИИТ ва ҲКТ фаъолият доранд.

Аммо мушоҳидаҳо ҳокист, ки каме аз ин ҳизбҳои сиёсӣ бо ҷавонон, ки як қишри зиёд ва ҳассоси ҷомеа ҳастанд, кор мебаранд. Ин боис шудааст, ки тайи солҳои ахир бисёре аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро бигараванд. Барои рушанӣ андохтан ба заъфи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ҷавонон ва барномарезиҳои онҳо оид ба ин қишри воқеан ҳам арзандаи ҷомеа, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва коршиносонро ба мизи гирди барномаи ҷавонии «Ояндасоз» даъват намудаем.

Аммо хабари ҷолиб ин аст, ки ахиран аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тайи се-чор моҳ бад-ин сӯ аз ҷавон шудани сафҳои худ хабар доданд ва гуфтанд, ки бештару бештар ҷавонҳо ба сафи онҳо ҳамроҳ мешаванд ва ин ҳизбҳо умед доранд, ки ҷавонҳо ба ҷони аҳзоб хуни тоза ё нафаси тоза ворид мекунанд.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, намоянда аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд: "Ҳамон бархӯрдҳое, ки дар кишварҳои ҷаҳони муосир ба вуҷуд омадааст. Ва намунаи инро мо дар мисоли Шарқи наздик дидем, ки ба қавле ин кишварҳои хеле "ором" якбора ба ҷӯш омаданд, ҳукуматҳоро дигар карданд, низомҳоро дигар карданд ва пешбарандаи ин ҳама ҳаводис бештар ҷавонон буданд. Фикр мекунам, ин гуна ҳушдорҳо аз қабл ҳам вуҷуд дошт, ки як насли наве ба вуҷуд омадааст, ки хостаҳо ва талаботи худро мехоҳанд. Ин гуна ҷавонон дар ҳар кишвари дигар ҳам метавонанд буруз кунанд ва дар чанд соли дигар аз худ дарак медиҳанд, ки наҳва чӣ гунааст, муносибати миёни ҳукумату ҷавонон чӣ гуна аст?"

Зоир Ҳабибов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон мегӯяд ҳизбаш ба манзури ҷалби ҷавонон ба сафҳояш тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст: "Ба манзури ҷалби ҷавонон, Ҳизби Халқӣ - Демократии Тоҷикистон корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро афзун кардааст, ки натиҷа шумори аъзоёни ҳизб аз ҳисоби ҷавонон бештар шудааст. Онҳо наздики 50 ҳазор нафарро дар бар мегиранд ва 30 фоизи намояндагони ҳизбро ташкил медиҳанд."

Фарангис Назриева, намоянда аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки ҳизби онҳо дар миёни қишри ҷавони деҳотӣ аз пуштибонии чашмрасе бархӯрдор аст: «Ҳизби мо, дар деҳот, ки 70 дар сади мардум он ҷо зиндагӣ мекунад корҳои зиёдеро дар чиҳати ҷалби ҷавонон ба анҷом мерасонад. Маҳз сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ бо ҷавонон ва огаҳ шудани онҳо аз барномаҳои ҳизб онҳоро барои пайвастан ба ҳизби аграрӣ ҳавасманд мекунад. Мо ин корро аз ҷануби Тоҷикистон оғоз карда дар дигар минтақаҳо идома медиҳем».

Қиёмиддин Авазов
Қиёмиддин Авазов
Аммо Қиёмиддин Авазов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ба ин эътиқод аст ки ҳизбаш ҷавонроии худ ба муваффақиятҳое ҳам соҳиб шудааст: "Табиӣ аст, ҷавонон бидуни ягон шаку шубҳа дорои афкори тозаву наве ҳастанд, ки ҷомеаро ба сӯи пешравӣ ва эҳё мебаранд. Ҷавонон мехоҳанд, ки дар ҷое онҳоро истифода баранд, яъне касе бо як чеҳраи кушода ва муомилаи хуш онҳоро барои пешбарии ҷомеа даъват кунад. Аммо агар нисбати ҷавонон каме дуруштӣ ё камтаваҷҷӯҳӣ зоҳир гардад, дигар онҳо ҳеҷ касро намехоҳанд ва истифода бурдани афкори тозаву нави онҳоро истифода кардан амри маҳол мешавад. Барои ҳамин Ҳизби Наҳзати Исломӣ инро дарк карда, Барнома ҷавонгароии худро тайи чанд сол аст, ки оғоз намудааст ва ба ин муваффақ ҳам гардидааст".

Идомаи сӯҳбати ширкатдорони сӯҳбати Мизи гирди Барномаи «Ояндасоз» - ро метавонед бо як нохунак задан аз ин ҷо шунавед.

Ояндасоз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:00 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG