Пайвандҳои дастрасӣ

Футболи наврасон. Тоҷикистон -- Ҳиндустон -- 1:4


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии савуми худ дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд аз дастаи Ҳинд бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд. Зоҳиран, пас аз оғози пуршӯр ва ҳамлаварона ва голи Комрон Турсунов дар дақиқаи 16-ум аз нуқтаи ҷаримавии 11-метра , футболбозони тоҷик каме осуда шуданд ва барои ин дар даҳ дақиқаи оянда ҷазо диданд. Тӯби дувумро дастаи Ҳиндустон дар дақиқаҳои охири қисми авал ба ҳадаф расонд. Дар бахши дувуми бозӣ, дақиқаи 61-ум ва тақрибан лаҳзае пеш аз поёни бозӣ футбоолбозони ҳинд ду бори дигар дарвозаи дастаи Тоҷикистонро тасхир намуданд. Баъд аз як пирӯзӣ, як бохт ва як мусовӣ дастаи Тоҷикистон имкони мубориза барои роҳхатро аз даст додааст, аммо мумкин аст, натиҷаи сабқати дастаҳои Узбакистону Баҳрайн ва Тоҷикистону Узбакистон охирин умедро зинда нигаҳ доранд.
XS
SM
MD
LG