Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеи дар интизори Лукашенко


Қарор аст дар авохири моҳи равон раиси ҷумҳурии Белорусия ҷиҳати анҷоми як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шавад.

Гуфта мешавад дар ҷараёни ин сафар миёни Белорусия ва Тоҷикистон беш аз 10 санади ҳамкорӣ ба имзо бирасад. Тибқи иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир коршиносон ва мутахассисин аз ҳарду кишвар асноди мазкурро барои имзо омода мекунанд. Сафари расмии А. Лукашенко мебоист дар авоили моҳи ҷорӣ доир шавад аммо бо хоҳиши ҷониби меҳмон мӯҳлати ин сафар тағйир дода шудааст.

Масъулини давлати Тоҷикистон Белорусияро аз шарикони боэътимод ва ҷиддии Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил мешуморанд. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷаи
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон
Тоҷикистон, ки чанд соле қабл дар ҷумҳурии Белорусия ба намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон фаъолият мекард гуфт, имконият ва зарфиятҳои ҳамкории ин ду кишвар хеле васеъ аст, вале дар ҳоли ҳозир аз онҳо то ҳадди тавон истифода мешавад.

Бо онки дар Тоҷикистон ахиран Белорусия сафорати худро ифтитоҳ кард, сатҳ ва мизони ин равобит густариши бештар пайдо кардааст. Ба гуфтаи масъулини бахши тиҷорат ва иқтисоди Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвар сол то сол бештар мешавад. Аммо дар ин табодул ҳиссаи Белорус асосӣ ба шумор меравад. Аз Белорусия ба Тоҷикистон технология барои соҳаи кишоварзӣ ва низ барои нерӯгоҳҳои обӣ содир карда мешавад, вале аз Тоҷикистон ба ин кишвар алюминий ва пахта фурӯхта мешудааст.

Зайниддин Мӯминов, сардори шӯъбаи робита бо ИДМ дар вазорати иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки чанд санадеро барои имзои роҳбарони ҳарду кишвар омода кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвар беш аз ҳудуди 50 миллион долларро ташкил додааст.

Бо ин ҳол бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон аз сафари раиси ҷумҳурии Белорусия ба Тоҷикистон кадом тағйироти муҳиммеро дар иқтисоди ин кишвар интизор нестанд. Зеро бо вуҷуди мавҷудияти имконият ҳарду кишвар бо мушкилоти мушобеҳе назири беқурбшавии пул, танқисӣ аз фанновариҳои муосир, дурии масофа ва мушкилтар аз ҳама фазои маҳдуди сиёсӣ гирифторанд, ки шароит барои равобити бештарро намедиҳад.

Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳарду роҳбари ин кишварҳо тарбиятдидаи мактаби коммунистӣ ҳастанд ва ҳарду роҳбар тақрибан бо
Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик
Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик
як тарзи андеша ва тафаккур умури кишварро зери назорат доранд. Аз ин ҷиҳат мегӯяд оқои Усмон, сафарҳои мутақобилаи онҳо ба кишварҳо бештар ҷанбаи ташрифотӣ доранд то онки корӣ. Зеро ҳарду кишвар ҳам дар доираи Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ва ҳам дар сатҳи равобити дуҷониба вобастагиҳои зиёде бо Русия доранд.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Белорусия аз соли 1996 оғоз шудааст. Дар ҳоли ҳозир ҳамкориҳои ин ду кишвар на танҳо дар арсаи иқтисод ва тиҷорат, ҳамчунин дар бахши омӯзиш ва парвариш низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз ин ҷост, ки ҳамакнун дар донишгоҳҳои олии Белорусия барои ҷавонони тоҷик низ ҷо ва имконияти таҳсил фароҳам шудааст.

Зимнан айни замон як ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар Минск -пойтахти Белорусия ба сар мебарад. Ин ҳайат бо ҳамтоёни худ дар Белорусия масоили ҳамоҳангии бархе аз қавонин ва ҳуҷҷатҳои меъёриро барои таҳкими ҳамкориҳи дуҷониба мариди баррасӣ қарор додаанд. Хабаргузориҳои Белорус аз қавли Қозидавлат Қоимдодов-сафири Тоҷикистон дар Белорусия навиштаанд, ки имкон дорад дар ин кишвар шаҳраки кишоварзии тоҷикон ташкил шавад. Сафир гуфтааст, ки шумори атбои тоҷик, ки дар арсаи кишоварзӣ ва парвариши ҳайвоноти аҳлии Белорус кор мекунад рӯ ба зиёдшавист. Ва бо таваҷҷӯҳ ба ин раванд, ташкили як чунин шаҳраки аграрии тоҷикӣ дар қаламрави Белорусияро сафири Тоҷикистон икмонпазир шуморидааст.
XS
SM
MD
LG