Пайвандҳои дастрасӣ

Муштзани кубагӣ Анвар Юнусовро мағлуб кард


Муштзани тоҷик Анвар Юнусов ҳарчанд бо тафовути андак, аммо дар сабқат бо варзишгари кубоӣ Лазаро Алварес Эстрада мағлуб шуд ва маҷбур гашт, бо ҷоизаи биринҷии сабқати қаҳрамонии ҷаҳон иктифо кунад. То ин шикаст Анвар бо бартарии калон бар рақибони худ пирӯз мешуд ва ба унвони қаҳрамони ҷаҳон хеле наздик омада буд. Чунончӣ, агар дар муқобили Эстрада варзишгари тоҷик бо ҳисоби 13:18 бохт, рақибонаш Фурхон Мемиси туркро бо ҳисоби 17:7 ва Сергей Водопянови русро 19:9 мағлуб кард. Ба ҳар сурат муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар ин сабқат соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2012дар Лондон гашт.
XS
SM
MD
LG