Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Рӯған"-и Cаркозӣ бар оташи хашми Туркия


Раисҷумҳури Фаронса бо даъвати эътирофи қатли оми ҳазорон арманӣ, ба оташи хашми Туркия рӯған рехт.

Оғои Саркозӣ зимни суханронӣ дар Ереван, пойтахти Арманистон гуфт, ки инкори дастаҷамъонаи туркҳо дар ин мавзӯъ қобили қабул нест.

НАСЛКУШИИ АРМАНҲО

Саркозӣ ҳини мулоқот бо матбуот дар Ереван бо ишора ба кушторҳои соли 1915-и арманиҳо гуфт, Туркия барои андеша вақти кофӣ дошт. Ӯ ҳамзамон афзуд, ки эълони зарбулаҷал ба ҷонибе дар салоҳияти Фаронса нест. Изҳороти раисҷумҳури Фаронса рӯзи ҷумъа дар ҷараёни нишасти муштарак бо президенти Арманистон Серж Саркисиан пахш шуд, ки дар ҳузури омма аз Саркозӣ изҳори сипос мекард: "Мо аз Фаронса сипосгузорем, ки ин фоҷеъаи ваҳшатнокро, ки дар авоили асри гузашта ба арманиҳо зарба задааст, ҳамчун қатли ом эътироф ва бо қонун маҳкум кардааст."

Никола Саркозӣ дар лаҳзаҳои аввали сафараш ба Арманистон аз Туркия даъват кард, дубора ба таърихи худ ба куштори ҳазорон арманӣ дар Гулгузорӣ дар пояи санги ёдбуди арманҳои кушташуда

Гулгузорӣ дар пояи санги ёдбуди арманҳои кушташуда

авоили асри гузашта назар кунад: "Агар Туркия дубора ба таърихи худ назар андозад ва бо сояҳову рӯшаниҳои он рӯ ба рӯ шавад, ин барои эътирофи қатли ом кофӣ хоҳад буд. Агар Туркия ин амалро анҷом надиҳад, пас корро бидуни шубҳа бояд идома дод."

ТУРКҲО ЭЪТИРОФ НАМЕКУНАНД...

Фаронса якҷо бо Русия ва Швецария куштори раманиҳо дар авоили асри гузаштаро ҳамчун наслкушӣ эътироф кардаанд.

Саркозӣ ҳамчунин гуфт, ки агар Туркия ба самти эътироф иқдом накунад, ӯ дар пайи қонуне мешавад, ки саркаши аз эътирофи наслкуширо ҳамчун ҷиноят бишиносад. Раисҷумҳури Фаронса гуфт, умедвор аст, Туркия дар ин масъала қабл аз анҷоми мудирияти ӯ, дар соли 2012 даст ба амал бизанад.
Аммо вазири Туркия дар умури Аврпуо Егемен Бағиз даъвати Саркозиро рад кард. Ба қавли хабаргузориҳои туркӣ Бағиз гуфтааст "хуб мешуд агар Саркозӣ аз пайи берун овардани кишвараш аз бӯҳрони иқтисодӣ бошад, на ворид шудан ба баҳсҳои таърихӣ ва масъалаи арманиҳо. "

Никола Саркозӣ соли 2007 қабл аз интихоб шуданаш ба маснади раисҷумҳури Фаронса дар заминаи пуштибонӣ аз қонуни таъқиби онҳое, ки кушторҳои дастаҷамъиро наслкушӣ эътироф намекунанд, Туркияро ба хашм оварда буд.

Дертар, палатаи поёнии парлумони Фаронса ин пешнависро рад ва дар навбати худ ҷамъияти арманиҳои Фаронсаро, ки 500 ҳазор шумурда мешавад, оташин кард. Арманиҳо мегӯянд, ки Туркия дар ҷараёни Ҷанги Якуми Ҷаҳон, то якуним миллион арманиро қатл кардааст. Туркия барчасп ё тамғаи «генцид»- ро рад мекунад ва мегӯяд дар бенизомиҳои авоили асри гузашта вақте, ки арманиҳо бар зиди туркҳои усмонӣ шӯрида, дар тарафи нирӯҳои Русия ҷангиданд, аз 300 то 500 ҳазор арманӣ ва теъдоди зиёди туркҳо кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG