Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се зан барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуданд


Се зан, раисиҷумҳури Либерия Эллен Ҷонсон-Сирлиф, фаъоли ҳуқуқ аз Либерия Леймаҳ Гбовӣ ва Таваккул Кормон аз Яман барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуданд. Кумитаи ҷоизаҳои Нобел дар Норвегия гуфт, ин се хонум барои “муборизаи бидуни зӯрӣ дар роҳи амнияти занон ва барои ҳуқуқи зан ба ширкати комил дар умури сулҳофаринӣ” сазовори ҷоиза шуданд. Раиси кумита Торбёрн Ягланд ҳангоми эълони ин қарор дар Осло гуфт:

"Умедвории Кумитаи норвегии ҷоизаҳои Нобел ин аст, ки подоши Эллен Ҷонсон-Сирлиф, Леймаҳ Гбовӣ ва Таваккул Кормон фишор ба занонро, ки дар бисёр кишварҳо иттифоқ меафтад, хотима хоҳад дод ва тавонмандиҳои зиёд, аммо пинҳони занонро дар роҳи демократия ва сулҳ сари кор меорад.”

Ҷонсон-Сирлифи 72-сола нахустин президенти зан дар Африқост, ки дар соли 2005 ба таври демократӣ интихоб шудааст. Леймаҳ Гбовӣ иттиҳоди занони насронӣ ва мусулмонро таъсис дод, ки ҷангсолорони Либерияро дар давраи ҷанги шаҳрвандии ин кишвар то соли 2003 ба мушкил кашонд. Таваккул Кормон журналист ва модари се фарзанд аст. Вай яке аз раҳбарони тазоҳуроти эътирозии яманиҳо зидди ҳокимияти раисиҷумҳур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ мебошад, ки охири моҳи январ сар шудаанд.
XS
SM
MD
LG