Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъмурияти Амрико дар Афғонистон ҳудуди чаҳор ҳафта баъд аз ҳодисаи 11-и сентябри соли 2001 оғоз шуд.

Дар ин 10 сол садҳо миллиард доллар сарфи идомаи амалиёти низомӣ ва бозсозии Афғонистон шуд, ҳазорон афғон ва ҳудуди 2700 сарбози хориҷӣ, бо шумули 1700 амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуд, вале то ҳол намое аз сулҳу субот дар уфуқи ин кишвари ҷангзада дида намешавад.

Аммо натоиҷи ин ҷанги тӯлонӣ оё аз Тоҷикистон чигуна дида мешавад? Имкони расидан ба як сулҳу суботи доимӣ дар Афғонистон то куҷо имкон дорад? Бахусус дар шароити имрӯз, ки доманаи муқовимат ба нирӯҳои хориҷӣ ва давлати Карзай дар Афғонистон пайваста густариш меёбад? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо таҳлилгари тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо дар миён гузоштем:




Як даҳаи ҷанг дар Афғонистон тӯлонитар аз муддатест, ки нерӯҳои пиёдагарди амрикоӣ дар Ветнам ҷойгир буданд. Ҳамчунин тӯлонитар аз ҷангҳои инқилобиест, ки ҳар дуи он ҳашт солро дар бар гирифт.

Дар бахши бештари ин даҳа, ки гузашт, ҷанг дар Афғонистон зери сояи ҷанг дар Ироқ қарор дошт, ки дар онҷо қувватҳои бештари амрикоӣ ҷойгир буда талафот ва сархатҳои хабарии он бештар будааст.


Дар ин авохир вазъият баръакс шуда Афғонистон бо шиддати амалиётҳои Амрико, мизони хушунатҳо ва кушта шудани Усома бин Лодин дар кишвари ҳамсои Афғонистон-Покистон дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор гирифта баҳсҳоеро дар мавриди дурустии идомаи ҷанг боис шудааст.

Оҷонси хабарии Ассошиейтед Пресс менависад: "Ҷанг дар Афғонистон миллиардҳо доллар масраф дошта, дар ҷараёни он ҳазорон сарбози амрикоӣ маҷрӯҳ ва ҳудуди 1700 тан кушта шудаанд. Дар ин теъдод, талафоти соири муттаҳидони Амрико дар Афғонистон шомил намебошанд."


Бар асоси як шумориши низомӣ, аз оғози ҷанг то авохири моҳи июли соли ҷорӣ, 2,3 миллион персонали низомии амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон иҷрои вазифа кардаанд. 977 ҳазор персонали низомии амрикоӣ як бор ва 300 000 тан беш аз ду бор дар Афғонистон ва Ироқ ифои вазифа намуда дар мавриди ин ҷангҳо хотироте дошта, ҷангҳо низ ба навбаи худ бар зиндагӣ ва сарнавишти онҳо таъсир доштааст.

Бар асоси омори Оҷонси хабарии Ассошиейтед Пресс, теъдоди талафоти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз соли 2009 ба ин тараф афзоиш дошта то чаҳоруми октябри соли ҷорӣ 1682 тан будааст. То таърихи шашуми сентябр ҳудуди 13 ҳазору ҳафтсад тан дар ҷараёни ҷанг дар Афғонистон захмӣ шуданд. Дар ҷараёни ҷанг бар зидди терроризм, 2900 мард ва зани амрикоӣ бева шуда, ҳазорон кӯдак падарон ё модаронашонро аз даст додаанд. Дар асари ҷангҳо дар Афғонистон ва Ироқ, 1439 даст ё пояшонро аз даст дода маъюб шудаанд.

Аммо таъсири ростин ва ҳақиқии ҷанг дар Афғонистонро дар хонумҳои бева, кӯдаконе, ки дигар ҳаргиз падарон ва модаронашонро нахоҳанд дид, номҳои сабтшудаи кушташудагон бар лавҳи мармарин, як насл аз сарбозони озмуда ва кӯҳнакори захмӣ ва маълул, хотирот, зиндагиҳо ва сарнавиштҳое, ки барои ҳамеша тағйир хӯрдаанд, метавон андозагирӣ кард.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG