Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ ба эътирофи "наслкушӣ"-и арманиҳо даъват кард


Раисиҷумҳури Фаронса, Никола Саркозӣ аз Туркия хост, қатли арманиҳоро дар Туркияи усмонӣ дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал ҳамчун “наслкушӣ” эътироф кунад. Дар ҷараёни сафараш дар Арманистон, Саркозӣ гуфт, Туркия ин “қадаме ба пеш барои оштӣ”-ро ҳанӯз нагузоштааст. Вай афзуд, тарҳи қонунеро ба порлумони кишвараш пешниҳод хоҳад кард, ки бино бар он радди қатли оми арманиҳо ҷиноят шумурда шавад. Изҳороти раисиҷумҳури Фаронса, ки ба узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо мухолиф аст, ҳатман хашми Анкараро хоҳад овард. Пас аз Арманистон Саркозӣ ба Озарбойҷон ва Гурҷистон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG