Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз даҳумин солгарди оғози ишғоли Афғонистон аз тарафи нерӯҳои таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида аст. Ҳадаф аз ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ва Британия бо пуштибонии шарикони афғони онҳо хотима додан ба ҳокимияти Толибон ва саркӯби ситезаҷӯёни гурӯҳи исломии Ал-Қоида буд, ки масъули ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба шаҳрҳои Амрико шумурда мешаванд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар Иёлоти Муттаҳида наздик ба 3000 нафар кушта шуданд. Амалиёти нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон дар муддати кӯтоҳ ҳокимияти Толибонро баҳам зад ва ҳукумати таҳти ҳимояи Амрикоро бо сарварии президент Ҳомид Карзай таъсис дод. Бо вуҷуди ин даҳҳо ҳазор сарбози Иёлоти Муттаҳида, НАТО ва давлати Афғонистон ҷанги зидди Толибон ва ҳимоят аз шароити амни фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматиро идома медиҳанд. Дар натиҷа ҳазорон нафар аз афғонҳо ва толибҳо кушта мешаванд ва дар ин муддат 2700 сарбози хориҷӣ, аз ҷумла 1700 сарбози амрикоӣ дар ин низоъ кушта шудаанд. Ҳоло қарор аст, то поёни соли 2014 бахши умдае аз 140 000 сарбози хориҷӣ аз Афғонистон бароварда шавад.
XS
SM
MD
LG