Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама ҷони 6 нафарро гирифт


Бар асари сонеҳаи нақлиётӣ дар шарқи Тоҷикистон, 6 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз дафтари матбуотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба РО гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 6-уми октябр дар километри 161-уми шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол ба вуқӯъ пайвастааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи Ssang Yong Rexton аз ҷода хориҷ шуда ба чуқурии 250 метр сарозер шудааст. Бар асари ин ҳодиса 6 нафар, аз ҷумла ду нафар кудак низ ба ҳалокат расидаанд. Чаҳор нафар сарнишини дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG