Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама гуфтааст, агар Покистон нигарониҳои Амрикоро нодида бигирад, ба равобити ояндаи ду кишвар латма хоҳад зад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе дар Кохи Сафед, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки артиши Покистон ва хадамоти амниятияш бо ашхоси мушкилофаре иртибот доранд ва Амрико инро борҳо ба мақомоти Исломобод гӯшзад кардааст.

ТОЛИБОН-ГУЗИНАИ ПОКИСТОН БАЪД АЗ ХУРУҶИ ХОРИҶИҲО

Барак Обама афзуд, зоҳиран ин қазовати пешакии Покистон дар мавриди ояндаи Афғонистон баъди тарки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аст: “Ҳадафи мо барои тавоноии хуруҷ аз Афғонистон ва гузоштани як ҳукумати демократу мустақил, як ҳукумат, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром бигзорад ва демократ бошад, ба назари ман қисман аз сӯи Покистон ба дурустӣ дарк нашудааст. Ба андешаи ман, онҳо аз қабл қазоват кардаанд, ки ояндаи Афғонистон чӣ гуна хоҳад буд ва бахше аз

қазовати онҳо ин аст, ки бо баъзе аз “ашхоси мушкилофар” иртибот барқарор кунанд, ки ба назари онҳо эҳтимолан шояд баъди хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон ба қудрат бирасанд.”

Бо ин баёния, Барак Обама бори аввал доир ба мавқеъҳои ба ҳам мухолифи Амрикову Покистон дар робита ба сарнавишти ояндаи Афғонистонро ошкоро ҳарф зад. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Покистон бояд он назарашро иваз кунад: “Мо пайваста кӯшиш кардем, Покистонро мойил бисозем, ки эҷоди як Афғонистони босубот ба нафъи онҳост ва онҳо набояд аз Афғонистони босуботу мустақил эҳсоси таҳдид кунанд. Мо талош кардем, то музокироти афғонҳову покистониҳо назар ба гузашта пурсамартар бошанд.”

Барак Обама айни замон Покистонро дар мубориза бо терроризм дар минтақа як “шарики муассир” хонд ва гуфт, бидуни ҳамкориҳои давлати Покистон, Амрико дар онҷо муваффақ намешуд. Аммо Барак Обама гуфт, агар давлати Покистон нигарониҳои Амрикоро ба инобат нагирад, ба ҳамкориҳои дутарафа латма хоҳад зад.

ТАНИШҲО ДАР РАВОБИТИ ИМА ВА ПОКИСТОН

Моҳи гузашта адмирал Майк Муллен, раиси собиқи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, гуфт Покистон ба шабакаи Ҳаққонӣ кӯмак мекунад, ки ин гурӯҳи хашини тобеъи Толибон дар ҳамлаҳои хунин ба Афғонистон аз аз ҷумла ҳамла ба сафоратҳои ғарбӣ даст дорад. Баёнияи мазкур хашму эътирози покистониҳоро барангехт. Аз ин пеш амалиёти махфии нерӯҳои махсуси Амрико барои маҳви Усома бин Лодан дар Покистон равобити ду кишварро тира карда буд. Баъдан Покистон як маъмури Хадамоти Истихборотии Амрикоро бо иттиҳоми қатли ду покистонӣ боздошт кард ва ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ихтисоси 800 миллион доллар кӯмаки низомӣ ба Покистонро муттавақиф кард ва рахна дар равобити ду кишвар ҳам бузургтар шуд.

Нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико ҳоло дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор сарбоз доранд, ки 98 ҳазор нафари онҳо амрикоӣ ҳастанд. Қарор аст нерӯҳои ҷангии хориҷӣ бо вогузории тадриҷии масъулияти таъмини амният ба нерӯҳои афғон, то соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG