Пайвандҳои дастрасӣ

Барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобелро эълом мекунанд


Қарор аст, имрӯз барандаи ҷоизаи мӯътабари сулҳи Нобелро дар шаҳри Ослои Норвегия эълом кунанд. Барандаи ҷоиза соати 2 ба вақти Душанбе маълум хоҳад шуд. Маълум нест, ҷоизаи имсола насиби кӣ хоҳад шуд, аммо сару садо зиёд аст, ки шояд Ҷоизаи Сулҳи Нобелро имсол ба як фаъоли маданӣ ва гурӯҳе аз ҳаракатҳои масъули “Баҳори Араб” дар Шимоли Африқо ва ё Ховари Миёна бидиҳанд. Нахустин раиси ҷумҳури зан дар Африқо, Эллен Ҷонсон Сирлиф, раиси ҷумҳури Либерия, Симо Самар, фаъоли ҳуқуқи инсон аз Афғонистон ва Ҷен Шарп, фаъоли мадании Амрико ва созмони мудофеъи ҳуқуқи “Мемориал” аз Русия ва Иттиҳодияи Аврупоро низ номзадҳои эҳтимолӣ медонанд. Ҷоиза 1 миллиону 500 ҳазор доллар аст
XS
SM
MD
LG