Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Покистон бо "ашхоси мушкилсоз" иртибот дорад"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе Покистонро ба он муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ бо “ашхоси хатарноке” дар Афғонистон иртибот дорад ва аз он кишвар хост, ба хотири ҳифзи ҳамкориҳои дарозмуддати дутарафа, нигарониҳои Вашингтонро ба инобат бигирад. Барак Обама дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон гуфт:"“Бидуни шак агар шарики мо комилан манофеъи моро ба инобат нагирад, мо худро дар ҳамкориҳои дарозмуддати стротежӣ бо Покистон роҳат эҳсос намекунем.“ Барак Обама гуфт, мақомоти Покистон пешакӣ дар мавриди Афғонистон қазоват кардаанд ва бо “ашхоси мушкилофаре” дар онҷо иртибот барқарор кардаанд, ки шояд баъди хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон ба қудрат бирасанд. Моҳи гузашта, адмирали амрикоӣ Майк Муллен, шабакаи Ҳаққонӣ, ҷангҷӯтарин ҳалқаи Толибонро, як дасти воқеъии Хадамоти ҷосусии Покистон хонд.
XS
SM
MD
LG