Пайвандҳои дастрасӣ

WHO мегӯяд, Тоҷикистон аз дифтерия эмин нест


Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, тақрибан нисфи аҳолии Тоҷикистон дар баробари бемории хатарноки дифтерия ва ё гӯлузиндонак осепбазир ҳастанд. Пажӯҳиши муштараки ин созмон ва вазорати беҳдошти Тоҷикистон нишон додааст, агарчӣ аксарияти мардум аз бемориҳои ҷилавгиришаванда ба мисли фалаҷи атфол, сурхча, сурхакон ва кузоз (тетанус) масӯнияти лозимро доранд, аммо тақрибан нисфи қишри аз 1 то 24-сола дар кишвар аз бемории дифтерия эмин нестанд. Бештар аз 20 дар сади мардуми ташхисшуда, подтанҳои лозим барои муқовимат ба бемории гӯлузиндонакро надоштаанд. Тоҷикистон дар солҳои 1993 то соли 1999 чандин маротиба шоҳиди хуруҷи бемории дифтерия шуд, ки дар натиҷа бештар аз 10 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шуда ва бештар аз 800 нафар ҳалок шуданд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, бо назардошти ин зарур аст, то дар Тоҷикистон дигарбора маъракаи ваксинзанӣ алайҳи бемории дифтерия анҷом дода шавад.
XS
SM
MD
LG