Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори амрикоӣ хостори раҳоии хабарнигори Озодӣ шуд


Ҳовар Берман, сенатори амрикоӣ аз давлати Туркманистон хост, хабарнигори Радиои Озодиро аз зиндон раҳо кунад. Ҳовард Берман, узви Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико додгоҳи Давлатмурод Язқулиевро ноодилона хонд, ки ӯро рӯзи сешанбе ба 5 соли зиндон маҳкум карданд. Ҳовард Берман ба Радиои Озодӣ гуфт:"Гунаҳкор донистани Давлатмурод Язқулиев маро бисёр маъюс кард. Ба назари ман ин ҳукм ангезаи сиёсӣ дорад ва ниқоре аз ӯ барои кори хабарнигориаш барои Радиои Озодӣ аст. Ман бовар надорам, ки ин як муҳокимаи одилона буд." Додгоҳи Туркманистон Давлатмурод Язқулиевро ба ташвиқи як хешовандаш ба худкушӣ гунаҳкор донист, агарчӣ хешовандонаш ин иттиҳомро рад кардаанд. Ҳовард Берман гуфт, агар чунин рафтори давлати Туркманистон дар оянда идома кунад, равобити дуҷонибаи он бо Амрико латма хоҳад дид. Стив Корн, мудири Радиои Озодӣ, муҳокимаи Давлатмурод Язқулиевро сохта ва ҳукмашро “даррандавор” хонд. Давлатмурод Язқулиев, ягона хабарнигоре буд, ки доир ба инфиҷори маргбор дар як анбори силоҳ дар наздикии шаҳри Ашхобод гузориш дод ва барои он аз мақомоти Туркманистон ҳушдор гирифт.
XS
SM
MD
LG