Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович хостори соддатар шудани низоми раводид бо Аврупо аст


Нахуствазири Юнон Георгий Папандреу ва раиси ҷумҳурии Украина Виктор Янукович

Президенти Украина Виктор Янукович имрӯз дар Атени Юнон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд барои мардуми Украина муқаррароти гирифтани визаи туристиву соҳибкориро соддатар кунад. Вай, ки имрӯз бо раиси ҷумҳурии Юнон Каролас Папулиас мулоқот дошт, инчунин гуфт, ки Украина мехоҳда созишномаи тавсеаи минтақаи тиҷоратиро натиҷагирӣ кунад. Янукович гуфт, ки умедвор аст, кишвараш дар 10 соли наздик шомили Иттиҳодияи Аврупо шавад.Вале дар моҳҳои охир Янукович аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо барои таъқиби рақиби сиёсиаш нахуствазири собиқ Юлия Тимошенко интиқод мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG