Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Куштори журналист ва сиёсатмадори қирғиз бо ҳам иртибот доранд"


Геннадий Павлюк
Геннадий Павлюк
Муовини раиси парлумони Қирғизистон имрӯз дар парлумон гуфт, ки куштори журналист Геннадий Павлюк ва мақоми собиқи баландпоя Медет Содирқулов дар соли 2009 ба ҳам иртибот доранд. Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки Асия Сасиқбоева аз мақомоти ҳифзи қонун ва додситонӣ тақозо кард, ки тамоми ҷузъиёти таҳқиқоти ин ду кишторро ошкор кунанд. Сасиқбоева гуфт, ки ҳарду куштор шаффоф нестанд.

Павлюк 16 декабри соли 2009 аз баландии як сохмони бисёрошёна дар Алмаатои Қазоқистон бо дасту пои баста поин партофта шуд ва баъди шаш рӯзи ин ҳодиса даргузашт. Пеш аз сафар ба Алмаато вай бо сиёсатмадор Омурбек Текебоев мулоқот карда, дар бораи ҳамкорӣ бо ҳизби Отам-Макон ҳамсӯҳбат кардааст.


Ҳоло аз рӯи қазияи куштори Павлюк се нафар дар боздошт ба сар мебаранд, ки ду нафарашон қазоқ буда, нафари сеюм собиқ корманди сохторҳои амниятии Қирғизистон аст.


Ҷасади сӯхтаи Содирқулов моҳи марти соли 2009 ҳамроҳ бо ду мусофири дигар дар як мошине ошкор шуд. Ду рӯз пеш аз ин вай эълон кард, ки баъди иҷрои вазифаи раиси дастгоҳи президент Қурмонбек Боқиев ба ҷабҳаи мухолифон мепайвандад. Мақомот он вақт гуфтанд, ки ҳалокати Содирқулов як тасодуф будааст.
XS
SM
MD
LG