Пайвандҳои дастрасӣ

“Боинг”-и нави “Сомон Эйр”. Нарх ва манбаи сармоя


Ҳавопаймои "Boeing 737-900" ҳанӯз дар ҳоли бунёд шуданаш дар Сиеттл, ИМА.

Ҳавопаймои "Boeing 737-900" ҳанӯз дар ҳоли бунёд шуданаш дар Сиеттл, ИМА.

Иттилои бонки амрикоӣ нархи ҳақиқии ҳавопаймои нави“Боинг – 737 - 900ER”-и ширкати “Сомон Эйр”-ро фош кард.

Намояндагони ширкати “Сомон Эйр” дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бештарин талошро ба харҷ доданд, то маълум нашавад, ки барои ҳавопаймои нави худ чанд пул додаанд ва ин сармоя аз куҷо гирифта шудааст.

Дар арафаи нахустин парвози “Боинг – 737
Ин нахустин ҳавопаймои насли нави “Боинг”-ҳо буд, ки бо мадади “Ex-Im Bank” аввалин бор ба қораи Осиё фиристода шуд...

- 900ER” ба Тоҷикистон муовини мудири кулли ширкати “Сомон Эйр” Фирӯз Эшонқулов дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ ба далели махфӣ будани қарордод қимати ҳавопайморо ошкор накард. Аммо қаблан расонаҳои Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки харидории ду адад "Boeing 737 Next-Generation-900ER" ба 163 миллион доллари амрикоӣ тамом мешавад. Бо шунидани ин, ҷаноби Эшонқулов гуфт, “рақам аз ҳаво гирифта шуда, дар асл хеле камтар аст” ва «Сомон Эйр» онро дар мӯҳлати 10 сол ба ширкати “Боинг” хоҳад пардохт.

Ин ҳолати “махфӣ доштани сирри тиҷоратӣ” аз марҳилаҳои ибтидоии гуфтушунид бо “Боинг” то замони дар фурудгоҳи Душанбе нишастани ҳавопаймои аввал идома кард. Сипас, Ҷамшед Раҳмонбердиев, шахсе, ки дар ин додуситад аз ширкати “Сомон Эйр” намояндагӣ кардааст, ададҳоеро ба забон овард.

Мудири кулли ширкати «Сомон Капитал», мушовири молии «Сомон Эйр» дар сӯҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Парвина Ҳамидова гуфт, нархи “эълонӣ”-ии ду ҳавопаймо 184 миллион доллар будааст. Хабарнигор дафъатан суол кард, ки овозаҳои харҷи 180 миллион доллар барои ин ҳавопаймоҳо ва шабоҳати ин адад бо пуле, ки аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба даст омадааст, овозаҳоеро паҳн кард, ки пули Роғунро рабудаанд. Ҷаноби Раҳмонбердиев ин гумонҳоро рад кард ва бонки амрикоии “J.P. Morgan”-ро сармоягузори ин муомила номид. Вале ӯ ҳам дар бораи нарху наво маълумоти дақиқ надод.

Иттилои дақиқ дар ин бора дар расонаҳои ҳамагонии Амрико мунташир шуд. Маҷаллаи интернетии “Market Watch” рӯзи чаҳоршанбе навишт, ки Бонки Содироту Воридоти Амрико (Ex-Im Bank) кафили қарзи ширкати тоҷикии «Сомон Эйр» барои хариди ҳавопаймои нави“Боинг – 737 - 900ER” шуд ва ин вом аз 80 миллион доллар иборат аст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки нархи умумии созиши «Сомон Эйр» барои хариди ду ҳавопаймои нав бо назардошти сабукиҳои эҳтимолӣ метавонад на бештар аз 160 миллион доллапр бошад. Ҷаноби Раҳмонбердиев низ ба баъзе гузаштҳои ширкати “Боинг” ва беш аз ҳама ба “барори кораш дар гуфтушунидҳо” ишора кардааст. Вай ҳатто мегӯяд, ҳис мекард, ки ҳамаи корро дасти Худованд идора мекард.

Нашрияи амрикоӣ менависад, ин муомила барои ҳамаи тарафҳо як омади кор буд, зеро ширкати “Боинг” як додугирифти зудҳангомро мехост ва Тоҷикистон низ бори аввал мустақиман ба Бонки Содироту Воридоти Амрико (Ex-Im Bank) муроҷиат карда буд. Ин бонки давлатии Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳо, ширкатҳо ва тарҳҳои берун аз Амрико таҳти шароити сабуктар сармоягузорӣ мекунад.

Раиси ва мудири кулли он Фред Ҳочберг мегӯяд: “Ин муомилаи таърихӣ на танҳо ба риштаи тавлидотии Иёлоти Муттаҳида ҳам дар иёлати Вашингтон ва ҳам Оҳайо кӯмак кард, балки ба эҷоди ҷойҳои корӣ дар риштаҳои таъминкунандаи “Боинг” дар сартосари кишвар, аз ҷумла дар ширкатҳои хурд мусоадат намуд. Он инчунин ба “Сомон Эйр” ёрӣ дод, парки ҳавопаймоҳояшро густариш диҳад.”

Зимнан муҳаррикҳои ҳавопаймои нав дар ширкати “CFM”-и шаҳри Синсинатии аёлати Оҳайо сохта шудааст.

Ноиби раиси Бахши фурӯши ширкати “Боинг” Мартӣ Бентрот гуфтааст: “Ин нахустин ҳавопаймои насли нави “Боинг”-ҳо буд, ки бо мадади “Ex-Im Bank” аввалин бор ба қораи Осиё фиристода шуд. Мо аз бонк сипосгузорем, ки ба як ширкати хурди ҳавонавардӣ кӯмак кард, то орзуи дастёфташ ба ҳавопаймои нави “Боинг”-ро амалӣ созад.”

Бонки Содироту Воридоти Амрико (Ex-Im Bank) дар тасмимгириҳояш мустақил аст ва ҳукумат ё Конгресси Иёлоти Муттаҳида ба кори он дахолати мустақим надоранд. То моҳи августи соли 2011 ин бонк зиёда аз 25 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Кӯмак ба харидорони хориҷие, ки моли Амрикоро гирифтаниянд, яке аз барномаҳои асосии он аст. Аммо ҳамзамон ба ин ва бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва молиявии Иёлоти Муттаҳида бонк омода нест, бе омӯзиши амиқи собиқаи харидор ва тавонмандию кафолатҳои он ба сармоягузории бузург ризоият диҳад.

Мудири кулли ширкати «Сомон Капитал», мушовири молии «Сомон Эйр», Ҷамшед Раҳмонбердиев низ гуфтааст, ки сармоягузории муомила бо “Боинг” пас аз таҳқиқу омӯзишҳои дунимсола имконпазир шуд. Ва нашрияҳои Тоҷикистон ҳадс задаанд, ки шояд пуштибонии давлати Тоҷикистон аз ширкати «Сомон Эйр», ки гуфта мешавад, ба наздикони раисиҷумҳур тааллуқ дорад, ба дарёфти эътимоди Экимбонки Амрико кӯмак кардааст.

Зимнан ба моли як ширкати тоҷикистонӣ табдил ёфтани нахустин ҳавопаймои “Боинг – 737 - 900ER” дар Тоҷикистон ба як тантанаи бошукӯҳ табдил ёфт, ки метавонед дар ин навори "Азия-Плюс" бубинед.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG