Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Лаҳзаи сукут ба хотири бунёдгузори "Apple" дар Тоҷикистон


Як гурӯҳи кӯчаки сокинони пойтахти Тоҷикистон дар фурӯшгоҳи мавсум ба "Apple" хотираи Стив Ҷобсро гиромӣ доштанд...

Як гурӯҳи кӯчаки сокинони пойтахти Тоҷикистон дар фурӯшгоҳи мавсум ба "Apple" хотираи Стив Ҷобсро гиромӣ доштанд...

Дар Душанбе кам касе ҳаст, ки Стив Ҷобс -- асосгузори «Apple»-ро бишиносад. Вале бо ин ҳол, донандагону алоқамандони компютер мегӯянд, ки аз марги ӯ андӯҳгинанд.

Дар шабакаи иҷтимоии «Фесйбук» ҳаводорони Стив ва ширкати «Apple» як саҳифаи махсусро бо номи «АйСеб» ба хотири гиромидошти хотири Стив боз кардаанд.

Дар ин саҳфа ҳаводорони Стив Ҷобс андӯҳи хешро иброз дошта, аз ҷумла гуфтаанд, ки «Стив як инқилобгаре буд дар соҳаи фанновариҳои ҷадид ва марги ӯ талафоти бузургест барои тамоми башарият.»

Ҳамчунин ба хотири марги Стив ҳаводорон аз шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар назди фурӯшгоҳи расмии маҳсулоти «Apple» дар маркази шаҳри Душанбе бо номи «АйСеб», ки дар рӯ ба рӯи чойхонаи маъруфи «Роҳат» қарор дорад, шамъ афрӯхтаву гул гузоштаанд.

Фарид Шарифов, намояндаи ширкати диллерии «Apple» дар Тоҷикистон -- «АйСеб» мегӯяд, онҳо низ аз марги Стив хеле ғамгину ошуфтаанд: «Марги Стив ин як фоҷиаи байнулмилалӣ аст. Чунки ӯ на танҳо дар рушди фанновариҳои ҷадид саҳми беандоза дошт, балки муколамаи инсон ва компютерро низ ба як низоми муайян дароварда буд.»

Оқои Шарифов мегӯяд, онҳо низ ба хотири гиромидошти марги Стив Ҷобс чароғҳои фурӯшгоҳ ва ҳамчунин садои мусиқиро, ки ҳамаруза барои ҳузури мизоҷон садо медод, хомуш кардаанд.



Стив Ҷобс, яке аз бунёнгузорони ширкати «Apple», шоми чаҳоршанбе, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 56-солагӣ дунёро падруд гуфт. Вай, ки аз соли 2004 аз бемории саратон ранҷ мекашид, моҳи январи ҳамин сол рухсатӣ гирифт ва шаш ҳафта пеш аз мақоми мудиромили ширкат истеъфо дод ва Тим Кукро ҷойгузини худ кард ва раиси «Apple» шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG