Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Болоравии қимати об. Вокунишҳо ва пешниҳодҳо


Сокинони бархе аз биноҳои баландошёни Душанбе обро аз ҷои дигар мекашонанд...

Сокинони бархе аз биноҳои баландошёни Душанбе обро аз ҷои дигар мекашонанд...

Сар аз 15-уми октябр қимати оби ошомиданӣ барои ҳар сокини пойтахт ба 3 сомониву 70 дирам хоҳад расид.

Як метри мукааби об барои корхонаҳои буҷавӣ 1 сомониву 40 дирам, барои корхонаҳои ғайридавлатӣ 2 сомониву 71 дирам ва барои созмонҳои хориҷӣ ва ниҳоди дипломатӣ 2 сомониву 30 дирам арзиш хоҳад дошт.
Обкашҳову дастгоҳҳо дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешаванд ва мо онҳоро ба қимати бозори ҷаҳонӣ аз хориҷа мехарем...

Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар дод ва гуфт, ки ин тасмим бо ҳидояти корхонаи давлатии “Душанбеводоканал” ва Хадамоти зиддиинҳисрории Тоҷикистон гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир қимати истифодаи оби ошомиданӣ барои ҳар як сокини шаҳри Душанбе моҳе 2 сомониву 70 дирамро ташкил медиҳад ва пас аз нимаи моҳи ҷорӣ нархи истифода аз об ба 3 сомониву 70 дирам мерасад.

Бо он ки бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ маҳруманд ва хонаҳои нӯҳошёнаи пойтахт дар шабонарӯз ҳамагӣ аз 8 то 10 соат ба об таъминанд, вале онҳо барои 24 соат дар шабонарӯз пул пардохт мекунанд.



Бахтиёр Амиров, сокини маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе гуфт, ки чанд моҳ боз бинои онҳо об надошт ва бо вуҷуди он ки корхонаи обу корез ва ё "Душанбеводоканал" аз ин ҳодиса огоҳ аст, аммо барои таъмир ҳеҷ талош накард. Вай дар эътироз ба болоравии қимати об гуфт, "дигар ба назарам ҳеҷ чиз намонд, ки пулакӣ нашуда бошад. Ҳатто роҳҳо пулакӣ шуданд. Мо чанд моҳ об надоштем, омада диданду рафтанд. Ҳоло худамон аз дигар ҷо бо пули худамон об овардем. Корхонаи давлатии обу корез ҳоло хабар надорад."

БАҲОНА ЧИСТ? ПУЛИ БАРҚ, МАВОДИ СӮХТ...

Мақомоти шаҳрдории Душанбе далели болоравии қимати обро ба боло рафтани қимати сӯхт, барқ ва дастгоҳу воситаҳои тоза кардани об, ҳамчунин баргардондани қарзи Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмиру навсозии шабакаҳои обӣ рабт доданд. Саид Қаландаров, раиси идораи оби корхонаи давлатии "Душанбеводоконал" гуфт, ки онҳо тамоми маҳсулоту дастгоҳҳои обтозакуниро аз хориҷа мехаранд.

Масалан, ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти обтозакунӣ, ки аз шаҳри Архангелски Русия ворид мешавад, пеш 180 доллар арзиш дошт, ҳоло қимати он ба 480 доллар расидааст. Вай афзуд, "таҷҳизоте, ки мо мехарем, аз ҷумла нассосу дастгоҳҳо дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешавад ва мо инро ба қимати бозори ҷаҳонӣ аз хориҷа мехарем. Арзиши аслии 1 метри мукааб оби истеҳсолкардаи мо 87 дирамро ташкил медиҳад ва давлат шароити иҷтимоии мардумро ба ҳисоб гирифта, 30 дарсади ҳазинаи онро бар дӯши худ гирифтааст. Гузашата аз ин, корхонаи обу корез дуввумин истифодабарандаи барқ, пас аз корхонаи алюминиум дар Тоҷикистон аст, ки моҳона 12 миллион киловат соат нерӯи барқ масраф мекунад."

"ДАВЛАТ САРМОЯГУЗОРӢ НАМЕКУНАД"

Аксари хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе тавассути нассосҳои обкаш бо таъмин мешаванд, ки ниёз ба барқи зиёд доранд. Бо вуҷуди он ки нархи истифода аз оби ошомиданӣ барои мардум боло меравад, оби бепул низ дар пойтахт фаровонист. Дар ҳар гузару хиёбон ва назди биноҳои истиқоматӣ ба истилоҳ чашмаҳои маснӯъиро метавон дид, ки дар шабонарӯз садҳо метри мукааб обро ташкил медиҳанд. Ба эътиқоди соҳибназарон, ин ҳама масрафот, ки ба далели нотавонии корхонаи обу корез сурат мегирад, аз ҳисоби мардум ҷуброн мешавад.

Саид Қаландаров, раиси идораи оби корхонаи "Душанбеводоканал" иқрор шуд, ки дар ин ҷода камбудҳо зиёданд. Вай мегӯяд, "камбудҳо ҳастанд. Давлат барномаҳои хуб дар ин заминаро сармоягузорӣ намекунад, вале талаб аз ҳад зиёд аст. Ба ин далел сифати оби ошомиданӣ ҳам хуб нест ва хизматрасонӣ низ ба пояи дигар давлатҳо намерасад. Барои мисол, 30 дарсади моҳонаи мардуми Олмон барои хизмати коммуналӣ, бахусус, об масраф мешавад. Ба илова давлат дотатсия мекунад."

ҲАМ ДАР НАЪЛ МЕЗАНАНДУ...

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Болоравии нархи истифодаи об дар ҳоле сурат мегирад, ки бе ин ҳам ҳудуди 75 дарсади даромади буҷаи давлати Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои мардум андӯхта мешавад. Ба эътиқоди профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, Тоҷикистон шояд ягона кишварест дар дунё, ки бо сатҳи пасти хидматрасонӣ ба мардум бахши аъзами даромади буҷаи худро таъмин мекунад.

Бино бар иттилои дарёфтӣ давлат маблағи даромади буҷа барои соли ояндаи 2012-ро боло бурданист ва интизор меравад, ки ҳаҷми пардохтҳо, аз ҷумла молиётро низ боло бубарад, амсоли нархи обу хадамоти коммуналӣ.

БЕШ АЗ 200 СОМОНӢ ДАР ЯК СОЛ

Тоҷикистон кишварест, ки аз лиҳози захираи об пас аз Русия дар ҷои дуввум қарор дорад, вале нархи истифода аз оби ошомиданиро ҳамасола боло мебарад. Барои мисол, Туркманистон, ки захираи ҳангуфти гази табиӣ дорад, ин маводи сӯхтро ба мардумаш ройгон медиҳад, то сатҳи зиндагии мардум пойин наравад.

Ҳоло бинобар омори расмӣ 52 дарсад, яъне бахши аъзами мардуми Тоҷикистон камбизоатанд. Хонаводаи маъмулӣ дар Тоҷикистон аз панҷ нафар бештар аст ва агар панҷ нафар аҳли хонавода бошад, дар он сурат бояд дар сол 217 сомонӣ танҳо барои об пардохт кунад. Аксари хонаводаҳои Тоҷикистон маъмулан ба маоши як корманд руз мебаранд, ки он ҳам чизе бештар аз 200 сомонӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG