Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Умр"-и кӯтоҳи "Боғи пойтахт". Айб дар ош ё дар мош?


"Боғи пойтахт". Ин акс дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, ҳангоме ки боғ тоза ба кори худ оғоз кард, гирифта шудааст...
"Боғи пойтахт". Ин акс дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, ҳангоме ки боғ тоза ба кори худ оғоз кард, гирифта шудааст...

Боғи фароғатии пойтахт, ки ҳамагӣ як моҳ қабл ифтитоҳ ёфта буд, барои таъмиру бозсозӣ кори худро қатъ кардааст.

Масъулин мегӯянд, дар тӯли тақрибан як моҳе, ки "Боғи пойтахт" дари худро ба рӯи сокинони шаҳри Душанбе боз карда буд, бархе аз ҷавонон таҷҳизот ва гӯшаҳое аз ин боғро хароб кардаанд.

"Боғи пойтахт" аввалин маркази истироҳатии бузург ва умумишаҳрӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев мавриди истифода қарор гирифта буд.

Мӯҳсин Наимов, сармутахассиси раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе низ чанде пеш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пас аз кушода шудани Боғи нави марказии пойтахт кормандони онҳо ба мушкили бефарҳангии сокинон, махсусан, ҷавонон рӯ ба рӯ шудаанд.
Оқои Наимов мегӯяд, бисёре аз сокинон ҳангоми тамошои боғ ба амалҳои ношоиста даст зада, қоиқҳову нишастгоҳҳо ва ҳамчунин фаввораҳои ин боғро тахриб намудаанд.

Бо ангушт задан рӯи ин ҷумла гузориши тасвирии моро дар бораи оғози кори "Боғи пойтахт" бубинед


Аммо танҳо мақомот нестанд, ки аз бефарҳангии меҳмонони ин боғ, ки ҳаамгӣ як моҳ фаъолият дошт, шикоят доранд.​Баъзе меҳмонони дигар низ бемасъулиятӣ ва бефарҳангии аҳли истироҳатро танқид мекунанд. Ҳоким Валиев, ки аз "Боғи пойтахт" боздид кардааст, бо ишора ба партобҳои гирду атрофи он мегӯяд, чунин амалҳои нохуб завқи тамошобинро мекоҳонад ва боиси он мешавад, ки мардум аз ин мавзеъ дилсард шаванд.

Дар ҳамин росто Ато Муҳаммад, як тамошобини дигар низ ба гуфтаҳои боло мувофиқ аст. Ба андешаи Ато Муҳамад боғ ҷоест, ки ҳар касе ба он ҷо меояд, хотирашро лаҳзае ҳам бошад, бояд осуда намояд. Аммо мушоҳида мешавад, бархеи тамошобинон ба ҷои он, ки хотири худро осуда намоянд, ба дигарон халал мерасонанд.

Боғи нави марказӣ дар ҳудуди 15 гектар замин дар минтақае миёни Лучоб ва дарёи Варзоб ва бо маблағи 80 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Мақомот мегӯянд, ки боғе ба ин бузургӣ дар Осиёи Марказӣ ягона буда, ҳама бахшҳояш барои наврасону бузургсолон пешбинӣ шудааст.​
XS
SM
MD
LG