Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зодрӯзи раҳбари Чеченистон бо ширкати ситораҳои Ҳолливуд таҷлил шуд


Қодиров ва Жан-Клод Ван Дамм

Қодиров ва Жан-Клод Ван Дамм

Дар шаҳри Грозний шуморе аз ситораҳои Ҳолливуд барои ширкат дар мавлуди 35-уми раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ҷамъ омаданд. Дар миёни онҳо барандаи дукаратаи ҷоизаи Оскар Ҳилларӣ Сванк ва ҳунарпешаи маъруф Жан-Клод Ван Дамм мебошанд. Скрипканавози маъруф Ванесса Мей, ки яке дигар аз меҳмонҳои зодрӯзи Қодиров аст, бо оҳангҳои мардумӣ хотири ҳамаро шод кард. Дар баробари хориҷиҳо, ҳунармандон ва сиёсатмадорҳои рус низ ба Грозний даъват шуданд.
Ҳукумати Рамазон Қодировро фаъолон барои поймолшавии ҳуқуқи инсон, шиканҷа ва болоравии фасод дар аҳди ӯ интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG