Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Зӯрдастии духтари додситон ба омӯзгори худ


Дар шабакаи интернет видеое пайдо шуд, ки рафтори духтари додситонро нисбати омӯзгори худ ба намоиш гузоштааст.

Дар ин навор шогирд устодро на танҳо суханҳои қабеҳ мегӯяду таҳқир мекунад, балки ӯро лату кӯб мекунад.

Омӯзгор талош мекунад, аз синфхона берун равад, аммо духтар ӯро намегузорад ва бо лагад ба шиками устод мезанад. Ин наворро шарикдарсони духтар бардоштаанд ва дар интернет пахш кардаанд. Худ бубинед ва хулоса бароред.



Бо чунин мӯҳтаво наворҳои дигаре дар интернет низ пайдо шудаанд ва баёнгари "одоб"-и фарзандони мансабдорони давлатии Узбакистонанд.

Дар навори дигар, ки низ дар шабакаи Ютюб мунташир шудааст, омӯзгори дигар мавриди истеҳзои дастҷамъонаи шогирдон қарор ёфта, ошкор аст, ки вай тасаллуте бар онҳо надорад ва наметавонад, вазъи синфхонаро идора намояд. Шогирдони ӯ -- фарзандони афроди мансабдор ба сару рӯйи ӯ пул мепошанд ва дар ниҳояти амр бастаҳои пулро пешаш гузошта, ба дороии худ ва нодории муаллим таъкид кардаанд.

Ин навор дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ҳангоми имтиҳон забт ва дар Ютюб пахш шудааст.



Аз Тоҷикистон то ҳол бештар наворҳое мунташир шудаанд, ки занозании бераҳмонаи ҷавонон ва духтарони мактабиро ба намоиш мегузоранд. Дар мавриди рафтори фарзандони афроди мансабдор ин гуна наворҳо аз Тоҷикистон пахш нашудааст.
XS
SM
MD
LG