Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози озарӣ дар марзи Қаробоғи кӯҳӣ кушта шуданд


Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки дар натиҷаи як задухӯрди миёни сарбозони озариву арманӣ дар наздикии минтақаи баҳсноки Қарбоғи Кӯҳӣ ду низомии озарбойҷонӣ кушта шуданд. Минтақаи ғолибан арманитабори Қаробоғи кӯҳӣ дар қаламрави Озарбойҷон ҷой гирифта, дар оғози солҳои 1990 шоҳиди хушунатҳои бесобиқа шудааст, ки 30 ҳазор нафарро кушта бар ҷой гузошт. Дар паи таъсиси ба истилоҳ хати оташбасе дар марзи миёни Қаробоғи кӯҳиву Амарнистон аз соли 1994 пайваста задухӯрду тирандозӣ сурат мегирад ва то ҳол дар баҳси миёни ду ҳамсоя нуқта гузошта нашудааст. Ҳодисаи ахир дар ҳоле хабар дода мешавад, ки Николя Саркозӣ, президенти Фаронса сафари расмии худро ба ҷумҳуриҳои Қафқоз – Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон шурӯъ кард. Яке аз ҳадафҳои аслии ӯ талош барои коҳиши таниш дар равобити минтақаии ин ҷумҳуриҳо хоҳад буд. Қабл аз сафар Саркозӣ аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки сулҳ карда қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ, як минтақаи арманитабор дар қаламрави Озарбойҷонро ҳал кунанд. Фаронса ҳамроҳ бо Русия ва ИМА, чун аъзои гурӯҳи Мински САҲА, талош доранд дар ҳалли бӯҳрони марбут ба Қаробоғи Кӯҳӣ миёнҷигӣ кунанд. Дар Гурҷистон қарор аст мавзӯи равобити пуртаниши президент Михаил Саакашвилӣ ва Русия, ки баъди ҷанги кӯтоҳмуддати августи соли 2008 дар қаламрави Осетияи Ҷанубии ҷудоихоҳ сар зад, баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG