Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи об бо афзоиши қиматҳо дар бозор вобаста аст


Дар Душанбе шурӯъ аз 15 октябр қимати оби ошомиданӣ боло меравад. Тасмиме дар ин замина аз ҷониби хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар гирифта шудааст. Дар идораи обу корези Душанбе мегӯянд, ки болоравии об бо болоравии умумии нархҳо барои барқу маҳсулоти нафтӣ маводи ғизо дар бозори ҷаҳонӣ ва дохилӣ вобаста аст.
Дар сӯҳбат бо “Азия-плюс” сухангӯи шаҳрдории Душанбе Шавкат Садиов гуфт, ки қимати об бо назардошти болоравии нархи барқ, реагент ё маводи поккунандаи об ва ҳамчунин бо ҳадафи бозгардони қарзи Бонки Ҷаҳонӣ боло бурда мешавад. Ҳамакнун, бар ивази 2 сомониву 70 дирам ҳар моҳ аз сокинони Тоҷикистон 3 сомониву 50 дирам ситонида мешвад.
XS
SM
MD
LG