Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз он рӯ бар «форсӣ» будани номи забонамон пойфишорӣ мекунанд, ки гумон доранд, ин забон аз устони Форс бархоста ва забони форсҳост, бино бар ин бояд «форсӣ» номида шавад.

Аз лиҳози торих (таърих), ин назар дуруст аст, зеро ин забон фарзанди забони порсии миёна ва набераи порсии бостон аст, ки гӯиши мардуми Порс будаанд. Аммо забони порсҳо дар ҳамон оғози торихи сиёсии Эронзамин фаротар аз сарзамини Порс рафт ва ҷаҳонгир шуд.

Чуноне ки забони порсии дастгоҳи кишвардории Ҳахоманишиён омехтае аз забони модӣ ва порсӣ буд, забони порсии миёна низ омехтае буд аз гӯишҳои Порс ва Паҳлав, ки дар замони подшоҳии Ашкониён забони расмии Эрон буд. Ин забонро «паҳлавӣ» ё «портӣ» мегӯянд ки худ омехтае буд аз забони сакоҳо, паҳлавиён ва порсҳо, яъне аз порсии бостон.

Забони расмии Эроншаҳр дар замони подшоҳии Сосониён ҳамон порсие буд, ки имрӯз «порсии миёна» хонда мешавад. Порсӣ ва паҳлавӣ ду гӯиш аз як забон будаанд, чунон имрӯз форсӣ ва тоҷикӣ ду гӯиш аз як забон ҳастанд. Тафовуташон ҳам дар ҳамин ҳадди гӯишӣ будааст, аммо азбаски ҳардуро бо як дабира менавиштанд, пасиниён порсии миёнаро низ «паҳлавӣ» номиданд.

Порсии миёна забони давлату дини шоҳаншоҳии Сосониён буд ва аз ин рӯ «дарӣ» номида мешуд, яъне забони дарбору девону дафтару оташкадаҳову дабиристонҳо, ё ба истилоҳоти имрӯза Дастгоҳи иҷроии Президент, Ҳукумат ва вазоратхонаҳо ва масҷидҳову мадрасаҳо, буд. Дар ҳамин замон буд, ки истилоҳоти «эронӣ», «порсӣ» ва «маздаясн» ё «зардуштӣ» ҳаммаънӣ шуда ва як мафҳумеро падид оварданд ки «порсоӣ» аст. Он замон маздаяснон ё порсиён «порсо» касеро меномиданд ки худотарсу парҳезгору покдоману хубу неку донишманд бошад. Ин нуктаро дар ёд дошта бошем, ки муҳим аст!

Ҳамин забони порсии миёна буд, ки пас аз шикасти Сосониён аз мусулмонон ва исломӣ шудани дину фарҳанги эрониён, бо хатти арабӣ навишта шуд ва вожаҳои бисёреро, ки бештар истилоҳоти диниву мазҳабӣ буданд, аз арабӣ, ки забони дину давлат буд, вом гирифт ва дувумин забони ислом шуд. Ин забон, ки ҳамчунон «порсӣ» ва «дарӣ» ва «порсии дарӣ» хонда мешуд, аз забонҳои хоразмӣ, суғдӣ ва балхӣ низ вожаҳоеро вом гирифт ва рафта-рафта худ ҷои он забонҳоро гирифту забони миллии мусулмонони порсизабон шуд. Ҳамин забон дар Тоҷикистон ва Узбакистон то соли 1926 забони порсӣ номида мешуд ва аз он пас бо далоили сиёсӣ «тоҷикӣ» номида шуд. Бино бар ин, номи аслии забони мо порсӣ аст.

Дар пайи ин густариши замонӣ ва маконӣ, истилоҳи «порсо» низ маънияшро дигар кард ва акнун касеро меномиданд ки худотарсу парҳезгору покдоману хубу неку донишманд ва мусулмон (!) бошад. Яъне мафҳуми «порсоӣ» аз «порсӣ» ва «зардуштӣ» ҷудо шуд ва фаромилливу фаромазҳабӣ гашт. Аз ин ҷост ки забони порсӣ низ на танҳо забони порсиён ё форсҳо буд, балки забони порсоён, яъне худотарсону парҳезгорону покдоманону хубону некону донишмандон низ шуд, ки на ҳамаашон эрониву порсизабон буданд.

Чун забони порсӣ дар густариши ислом дар Фарорӯд бештар аз забони арабӣ корбурд дошт. Фарорӯдиён, ки суғдизабону балхизабону хоразмизабон буданд, исломро бо ҳамин забони порсӣ аз худ карданд ва тоҷик гаштанд, ин порсӣ забони миллӣ ва порсоӣ фарҳангашон шуд. Аз ин ҷост ки забони моро бояд «порсӣ» номид, то пайвандаш бо «порсоӣ» низ нигаҳ дошта шавад ва ҳар худотарсу парҳезгору покдоману хубу неку донишманде, ки кӯшиш дорад порсоёна зиндагӣ кунад, порсизабон ва порсинавис низ бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG