Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндонишавии хабарнигори радиои Озодӣ дар Туркманистон


Як додгоҳи Туркманистон хабарнигори радои Озодиро бо ҷурми ба худкушӣ водор кардани як хеши наздикаш ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Наздикони Давлатмарод Язқулиев мегӯянд, ки дар асл маҳкумияти журналист бо фаъолиятҳои касбии ӯ иртибот мегирад. Президент радиои Озодӣ Стивен Корн ҳукми додгоҳро “як беадолатӣ” хонд. Созмони Гузоришгарони бидуни марз, воқеъ дар Париж, гуфт, ки аз ҳукми журналист “ҳайратзадаву шокӣ” шудааст. Язқулиев аз аввалин хабарнигорони туркман буд, ки хабарҳои воқеиро роҷеъ ба табиати таркиши захирагоҳи силоҳ дар шаҳри Ободон моҳи июл гузориш ва аз роҳи пахши аксу навори видео изҳороти ҳукуматро, ки мегуфтанд, таркиш дар як анбори петарда рух додааст, зери суол бурд.
XS
SM
MD
LG