Пайвандҳои дастрасӣ

Аъзои ЮНЕСКО узвияти фаластиниҳоро баҳс мекунанд


Ҳилларӣ Клинтон дархости узвияти фаластиниҳо дар ЮНЕСКО-ро "ғайри қобили тавзеҳ" номид

Ҳилларӣ Клинтон дархости узвияти фаластиниҳо дар ЮНЕСКО-ро "ғайри қобили тавзеҳ" номид

Шӯрои иҷроияи муассисаи фарҳангии СММ (UNESCO) мувофиқат кардааст, ки аъзои ин муассиса дар масъалаи узвияти комили фаластиниҳо ибрози назар кунанд.
Котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, ин қарор “ғайри қобили тавзеҳ” аст, зеро метавонад сабаби қатъи маблағгузории ЮНЕСКО (UNESCO) аз тарафи СММ гардад. Кӯшиши узвият дар ЮНЕСКО иқдоми навбатии фаластиниҳо дар роҳ ба дарёфти давлатдории мустақил мебошад.
Моҳи сентябр раиси идораи мухтори фаластиниҳо Маҳмуд Аббос бо дархости узвияти комили Фаластин дар СММ ба Шӯрои Амнияти СММ муроҷиат кард. Аммо қабл аз он ИМА ҳушдор дод, ки бо истифода аз ҳаққи вето ин дархости фаластниҳоро аз эътибор соқит хоҳад кард.
Фаластиниҳо сар аз соли 1974 дар ЮНЕСКО мақоми кишвари нозирро касб кардаанд. Конфронси умумии ин созмон аз 25-уми октябр то 19 ноябр дар пойтахти Фаронса барпо мешавад. Барои тасвиби узвияти фаластиниҳо дар ЮНЕСКО пуштибонии аз се ду ҳиссаи 193 кишвари узв зарур аст.
XS
SM
MD
LG