Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гроссман натавонист вориди Душанбе шавад


Марк Гроссман, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистону Покистон
Марк Гроссман, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистону Покистон

Мулоқоти фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон анҷом нашуд.

Қарор буд, субҳи имрӯз (6 октябр) Марк Гроссман, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон, ба мақсади баррасии масоили вобаста ба амнияти минтақа вориди Душанбе шавад.

Вале ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон шаби гузашта (5 октябр) ва субҳи имрӯз ба далели хокбориши шадид ҳавопаймои Марк Гроссман натавонистааст ба Душанбе фуруд ояд.

Мақомот мегӯянд, ки ин сафари Гроссман фардо, рӯзи 7 октябр, анҷом хоҳад шуд.

Қаблан Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфта буд, ки сафари Марк Гроссман рӯзи панҷуми октябр оғоз шуда ва то нӯҳуми октябр идома хоҳад кард.

Ҷаноби Гроссман дар баробари Тоҷикистон аз Қирғизистону Қазоқистон, Туркманистону Узбакистон ва ҳамчунин Афғонистону Покистон низ боздид анҷом медиҳад.

Ин дуввумин сафари Марк Гроссман ба Тоҷикистон аз замони таъйин шуданаш ба мақоми фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон аст. Вай моҳи майи соли ҷорӣ низ бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омада ва бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва мақомҳои дигари баландпояи кишвар дидору гуфтугӯ анҷом дода буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Раҳматкарими Давлат бо Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои минтақаӣ, пиромуни сафари Марк Гроссман ба Тоҷикистон сӯҳбате дошт, ки ин ҷо бишнавед:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:07 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG