Пайвандҳои дастрасӣ

Сафаралӣ Раҷабов ҳам аз мо рафт...


Сафаралӣ Раҷабов. Маҷлиси намояндагон, моҳи марти соли 2010

Сафаралӣ Раҷабов. Маҷлиси намояндагон, моҳи марти соли 2010

Раиси пешини Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва собиқ вазири маориф -- Сафаралӣ Раҷабов дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Намози ҷанозаи ӯ дар масҷиди марказии пойтахт бо иштироки Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдорӣ Душанбе, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва дӯстону наздикони марҳум баргузор шуд.

Сафаралӣ Раҷабов, раиси пешини порлумони Тоҷикистон, дар синни 57-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Оқои Раҷабов пас аз пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии соли 2010 вазифаи раҳбари Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллиро ба ӯҳда дошт.

Вай моҳи сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1977 Донишгоҳи омӯзгорӣ ва соли 1989 Донишгоҳи кишоварзиро хатм кардааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ низ буд.

Дар тӯли фаъолияти кории худ Сафаралӣ Раҷабов бо ордени “Исмоили Сомонӣ” ва унвони фахрии "Корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз шудааст.

Ӯ тӯли солҳои 1992-1995 - раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон; солҳои 1995-2000 - раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Замоне ки ӯ раиси Маҷлиси Олӣ интихоб шуд, як бахше аз вакилони порлумонро қумондонҳо, аз ҷумла Сӯҳроб Қосимов, Ғаффор Мирзоев ва дигарон ташкил медоданд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи соҳибназарон, Сафаралӣ Раҷабов яке аз мураккабтарин давраи порлумонро идора карда буд.

Оқои Раҷабов дар оғози соли 2000 ба маснади вазири маорифи Тоҷикистон расид, аммо соли 2005 дигарбора ба порлумон баргашт. Вай пас аз пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии соли 2005 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб шуд ва то лаҳзаи марг ин вазифаро ба ӯҳда дошт.

Бо даргузашти Сафаралӣ Раҷабов як курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон холӣ монд. Ҳоло маълум нест, ки Сафаралӣ Раҷабовро дар порлумони кишвар кӣ иваз хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG